Предыдущая публикация
tajikpress

tajikpress

12 дек

Тасмими Тоҷикистону Русия барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Миёни Тоҷикистону Русия барномаҳои муштараки таҳсил, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома меёбад.
Тақвияти ҳамкориҳо дар бахши маориф миёни Тоҷикистону Русия дар мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков баррасӣ шуд.
Ба иттилои вазорати маориф ва илми кишвар мулоқоти ду вазир дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои муҳимми таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия”, ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, густариши робитаҳои академӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, инчунин таҷрибаомӯзии мутахассисон барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва сифати таҳсил баррасӣ карданд.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф дорои заминаҳои мустаҳкам буда, дар доираи онҳо ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома меёбад.
Инчунин, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ин иқдомҳо ва васеъ кардани робитаҳои таълимӣ ва илмӣ изҳор намуданд. https://tajikpress.com/2025/12/12/%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%bc%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%9b%d0%b2/

Тасмими Тоҷикистону Русия барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ - 5372999801790

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
tajikpress

tajikpress

ЛентаТемы 3 743Фото 3 449Видео 19Участники 2 602
  • Подарки
Левая колонка
Всё 3 743
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться