Писари калонии президенти Амрико, ҳукумати Украинаро фасодкор ва ҷангталаб эълон карда, аз эҳтимоли қатъ шудани дастгирии Вашингтон аз Киев хабар дод.
Ба гузориши ТоҷикПресс, ба нақл аз Гардиан, Доналд Трамп Ҷуниор, писари калонии президенти Амрико, аз эҳтимоли қатъ шудани дастгирии ин кишвар аз мошини ҷангии Украина хабар дод.
Ӯ аз идомаи даргириҳо дар Украина шадидан интиқод карда, ҳукумат ва нухбагони ин кишварро “фасодкор” номид.
Трамп Ҷуниор гуфт: бисёре аз сарватмандони украинӣ кишварро тарк кардаанд ва табақаи деҳқон ба ҷои онҳо дар ҷанг ширкат мекунанд.
Ӯ ҳамчунин Владимир Зеленский, президенти Украинаро муттаҳам кард, ки ҷангро қасдан тулонӣ мекунад, то дар интихобот шикаст нахӯрад. https://tajikpress.com/2025/12/08/%d0%bf%d0%b8%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%bf-%d2%b3%d1%83%d0%ba%d1%83%d0%bc%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%b7%d0%b5%d0%bb%d0%b5%d0%bd%d1%81%d0%ba%d0%b8%d0%b9%d1%80%d0%be-%d1%84%d0%b0/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев