Предыдущая публикация
tajikpress

tajikpress

25 фев 2024

Ғазза намоишгоҳи тафаккури гурги хунхори ғарбӣ аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ошкор шудани дурӯғ будани иддаоҳои тамаддуни ғарбӣ дар бора ҳуқуқи башар ва риёкорӣ ва нифоқи ғарбиҳо дар моҷароӣ Ғазза афзуд: Ғарбиҳо, ки барои эъдоми як муҷрим сарусадо ва ҳаёҳӯ ба роҳ меандозанд, дар баробари куштори 30000 инсони бегуноҳ дар Ғазза чашми худро бастаанд ва Амрико бо бешармии тамом ва барои чандумин бор қатъномаи қатъи бомбаборони Ғаззаро вето мекунад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дирӯз (24 феврали 2024) дар дидори дастандаркорони конгресси 24000 шаҳиди вилояти Хузистон, ҳамоса ва муъҷизаи мардуми Хузистон дар даврони дифои муқаддасро натиҷаи таркиби ҳиммати мардумӣ ва имон исломӣ донист ва бо ишора ба диққати назари имоми Хумайнӣ дар интихоби таъбири «Ҷумҳурии Исломӣ» гуфт: Он чи ки боиси пойдорӣ ва пешрафти низоми исломӣ ва ғалабаи он бар бисёре аз мавонеъ ва тавтеаҳо шуд, ҷамъ байни «эътимод ба ҷумҳурӣ ва мардум ва ислом» буд ва дар оянда низ роҳи ғалаби бар мушкилот идома додани ҳамин тафаккур аст.
Ишон бо табрики иди саъиду бузурги нимаи Шаъбон, ба шинохти дақиқи имом Хумайнӣ нисбат ба мардум ва ҳамчунин нигоҳи ҷомеъ ва мутараққии имом нисбат ба Ислом ишора кард ва афзуд: Имом (рҳ) аз ҳамон рӯзҳои оғозини наҳзати исломӣ то пирӯзии инқилоби исломӣ ва баъд аз он ҳамвора ба мардум эътимод дошт ва Исломро як мактабу тафаккури коромад барои сиёсату мудирият ҷомеа медонист ва бар ҳамин асос тавонист заминаи пешрафти Эрон ва истимрори ҳаракатҳои бузургро ба вуҷуд оварад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки муҳимтарин мушкили душманони Ҷумҳурии Исломӣ, надоштани шинохти нисбат ба мардуми Эрон ва ҳамчунин надоштани шинохт аз Ислом аст, хотирнишон кард: Душманони миллати Эрон бар асоси баровардҳо ва тарроҳиҳои худ бовар доштанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ чиҳилсолагии худро нахоҳад дид, аммо ба кӯрии чашми онҳо пешрафти Эрон мутаваққиф нашуд ва ба лутфи илоҳӣ ва бо такя бар ҳиммату иродаи мардум ва имони динии онҳо идома низ хоҳад ёфт. https://tajikpress.com/2024/02/25/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d2%b7%d1%83%d0%bc%d2%b3%d1%83%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d0%bc%d0%b8%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d1%80%d0%b1%d3%a3/

Ғазза намоишгоҳи тафаккури гурги хунхори ғарбӣ аст - 956047232446

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
tajikpress

tajikpress

ЛентаТемы 3 743Фото 3 449Видео 19Участники 2 602
  • Подарки
Левая колонка
Всё 3 743
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться