Предыдущая публикация
Ислам

Ислам

15 янв 2022

Хоб будам, хоб дидам мурдаам,

Бениҳоят хаставу афсурдаам.
То миёни гўр рафтам дил гирифт,
Қабркан санги лаҳадро гил гирифт.
Рўи ман хирворҳо аз хок буд,
Вой, қабри ман чӣ ваҳшатнок буд.
Болиши зери сарам аз санг буд,
Ғарқи зулмат, савту кўру танг буд.
Ҳар ки омад пеш, ҳарфе ронду рафт,
Сураи Ҳамде бароям хонду рафт.
Хаста будам ҳеҷ кас ёрам нашуд,
З-он миён як тан харидорам нашуд.
На рафиқе, на шафиқе, на касе,
Тарс буду ваҳшату дилвопасе.
Нола мекардам, валекин беҷавоб,
Ташна будам дар пайи як ҷуръа об.
Омаданд аз роҳ наздам ду малак,
Тира шуд дар пеши чашмонам фалак.
Як малак гуфто: Бигў дини ту чист?
Дигаре фарёд зад Раби ту кист?
Гарчӣ пурсишҳо ба зоҳир сода буд,
Ларза бар андоми ман афтода буд.
Ҳарчӣ кардам сайъ, то гўям ҷавоб
Сади нутқам шуд ҳаросу изтироб.
Аз сукутам он ду гашта хашмгин,
Рафт боло гурзҳои оташин.
Қабри ман пур гашта буд аз нору дуд,
Бори дигар бо ғазаб пурсиш намуд:
Эй гунаҳкори сияҳдил баста пар,
Номи арбобони худ як як бибар.
Гўйё лабҳо ба ҳам часпида буд,
Гўш гўё номашон нашнида буд.
Номҳои хубашон аз ёд рафт
Вой, сайъю заҳматам барбод рафт.
Чеҳраам аз шарм мешуд сурху зард,
Бори дигар бар сарам фарёд кард:
Дар миёни амр худ кун ҷустуҷў,
Корҳои некў зиштатро бигў.
Ҳарчӣ мекардам ба аъмолам нигоҳ,
Кулаборам буд мамлў аз гуноҳ.
Корҳои зишти ман бисёр буд,
Бар забон оварданаш душвор буд.
Чорае ҷуз лаб фурў бастан набуд,
Гурзи оташ бар сарам омад фурўд.
Умқи ҷонам аз ҳарорат об шуд,
Рўҳам аз фарти алам бетоб шуд.
Чун малоик ноумед аз ман шуданд,
Ҳарфи охирро чунин бо ман заданд:
Умри худро эй ҷавон кардӣтабоҳ,
Номаи аъмоли ту бошад сиёҳ.
Мо, ки маъмурони Ҳаққу Доварем,
Пас туро сўи Ҷаҳанам мебарем.
Дигар он ҷо узрхоҳӣ дер буд,
Дасту поям баста дар занҷир буд.
Ноумед аз ҳар куҷову дилфигор,
Мекашидандам ба хиффат сўи нор.

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
Ислам

Ислам

ЛентаТемы 3 691Фото 2 343Видео 31Участники 7 004
  • Подарки
Левая колонка
Всё 3 691
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться