Фильтр
Закреплено
  • Класс
Шояд бархе андешанд, ки "Фарзанди модаре чун Фарзона будан чӣ гуна аст?" Фарзанди чунин Инсоне будан, бешак, бароям ҷоизаи Раббонист. Модаре, ки дилаш аз меҳр сиришта шудаву вуҷудаш аз нур саршор аст. Оне, ки ҳатто ба мӯрчагон дилбастагӣ дораду бо гулу гиёҳ ишқ меварзад, оне, ки ҳашт миллиард нафари оламро ба худаш хеш мехонаду бо хосу ом як сон муносибат дорад. Оне, ки тамоми ҳастияшро танҳо барои накӯкориву илқои муҳаббат бахшидааст. Бале, ӯ беҳтарин сунъи Илоҳист. Модарам бароям ҳамон Инсони комил аст, ки Мавлонову Ҳофизу Шайх Саъдӣ ва тамоми бузургони олам дар ҷустуҷуяш буданд.
Модарам ману хоҳарам Шоҳонаҷонро ҳамеша бо муҳаббат "садбаргҳои тари модар" ва додаракам Ҳумоюнҷон
  • Класс
Бо ин ғами бурун зи тасаввур куҷо равам,
Коғаз ба тан бипӯшаму пеши Худо равам.
Дар додгоҳи олии Ту нола нашнаванд,
Бо узру тавбаву аламу илтиҷо равам.
Гуфтӣ, чаро магӯву ҳама аз қадар бидон,
Чун бо суоли сахттарини "чаро?" равам.
Аз Ту куҷо гурезаму сӯи кӣ раҳ барам,
Ҷуз даргаҳи Ту роҳи дигар нест, то равам.
Гуфтӣ, ки сабр кун туву бар шукр идома деҳ,
Аз ин дуям бубахш, ки ман бо дуо равам.
Ҷони маро гирифтиву танро гузоштӣ,
Охир куҷо бад - ин тани аз ҷон ҷудо равам.
Одреси офтоби маро гӯ, ки аз паяш,
Доман кашам, ба вусъати беинтиҳо равам.
Рӯзе, ки меравам зи бадистони неккуш,
Дар ҳасрати накӯписари бебаҳо равам.
Фарзона
Дар гӯши дил нидоят ,,Ман омадам, падарҷон,,,
Овози ошноят ,,Ман омадам, падарҷон,,
Пар мекашам зи ҷоям, дарвоза мекушоям,
Аммо куҷо садоят? ,,Ман омадам, падарҷон!,,
Ку рӯи нурборат, ҳастии гулнисорат,
Лабханди дилрабоят ,,Ман омадам, падарҷон,,
Ку сарви қадди боло, ҳарфу каломи воло,
Бо лаҳни ҷонфизоят ,,Ман омадам, падарҷон!,,
Эй кош, бори дигар, аз кӯча, ё дами дар,
Ояд садои поят ,,Ман омадам, падарҷон,,
Обу ҳавои гардун холист бе Ҳумоюн,
Ку созу ку навоят? ,,Ман омадам падарҷон!,,
Аз Худо зӯр набудам, ки зи роҳат дорам,
Дар дили гавҳараки чашм нигоҳат дорам.
Ту сафар аз раҳи дарёи муҳаббат кардӣ,
Ба ду ашке натавонам, ки паноҳат дорам...
Шакари Юсуфи Мисрӣ ба забон мерафтӣ ,
Дил нашуд аз гузари чоҳату моҳат дорам,
Рӯди Сайҳун ба бағал тахти равонат бигрист,
Ки чӣ сон кавкабаву маснаду ҷоҳат дорам?!
Эй Ҳумоюни ҷавонбахту ҷаҳонзеби падар,
Қудратам нест, ки аз амри Илоҳат дорам!
Толиб Карими Озарахш
Имрӯз чил рӯз мешавад, ки додаракам, ки ҳамхуну ҳамдилу ҳамҷону ҳамнафаси ман буд, бо ман нест. Оне, ки тамоми хотираҳои кудакии ширинам бо ӯ пайванд аст, онеро, ки то синни мактабияш худам низ ба воя расонида будам, шоҳиди аввалин калимаҳои ӯ будам, шоҳиди аввалин қадаммониҳои ӯ будам. Чӣ шодибахш буд вақте аввалин дандонаки ӯ баромада буд! Нозпарвади хонадон буд, хоҳишҳои ӯ аз ҷониби волидайни муътабарам бо оби тилло нигошта мешуд. Дар мавриди ҳамаи мо низ чунин буд, ноздона ба воя расидем. Модаркалон дар бобати китобҳои навин нақл мекарданд. Дар як сӯи хона модар шеър мехонданд, дар як сӯи дигари хона падар. Садои мусиқӣ пайваста дар хонаи мо танинандоз буд. Падар қариб ҳар рӯз пианино ме
Показать ещё