Шояд ин танҳо дар назари ман буд шояд на. Вале фаҳмидам, ки бахшидан ҳам мушкил будааст. Ҳатто агар бо тамоми вуҷуд хоҳӣ. Аммо ташрифи моҳи Шарифи Рамазон намегузорад, ки ҳаққи якдигарро фаромӯш карду набахшид. Ба ҳар ҳол мо болои якдигар ҳаққи зиёд дорем. Чун ҳама вақт мо наметавонем мувозиби кору рафтор ва гуфтору амалҳои хеш бошем. Аммо ба назари ман лутфу меҳрубонӣ қудратмандтар аз ранҷидану нобахшидан аст. Бахшанда будан хоси бузургон аст ва хатову гуноҳ хоси нафарони кӯчак. Биёед ба муборакбодии ташрифи моҳи Шарифу бузурги Рамазон бузургиву лутфи худро дареғ намедорем. Агар нафаре моро озурд,агар нафаре моро ранҷонид, агар нафаре нисбати мо зиёдаравӣ кард, агар нафаре дили моро шикаст агар нафаре моро бадгӯӣ кард, агар нафаре нисбати мо ноҳурматӣ кард, бигзор ҳама кинаву адоватро аз дил берун карда мебахшемаш. Ба ҳар ҳол ба гумонам то ҳанӯз неруву тавони бахшидан ва лутф кардан дорем. Мебахшем, ба он хотир то шояд Худо ва дигар бандагонаш моро низ бубахшанду аз мо низ ризо бошанд. Ту низ марову дигаронро бубахш, ман туву дигаронро бахшидам.... //RA//.Ин паёмакро як даъватсозии холисонаи якдигарбахшӣ, баҳри поксозии қалб, пеш аз Рамазон меномем.
Ҳамеша саломату тансиҳат бошед!Биёед онро ба дӯстону рафиқонамон ирсол менамоем.Фикрҳои худро метавонед дар шарҳ бинависед......


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев