Хама рафтанд
Худоё ин чи бедоди,назардорон хама рафтанд,
Зи бозори чамоли ишк,харидорон хама рафтанд.
Чи шуре дилбари бисёр, нишаста рохи хайрони,
Чи берахмию беахди,ки дилдорон хама рафтанд.
Саге дидам, ки кадри у, зи кадри одами болост,
Кунун аз маъбади дилхо, вафодорон хама рафтанд.
Бидидам дилбари шармин, ба бешарми бишуд машхур,
Ба махфил сина чунбонад,хаёдорон хама рафтанд.
Бидидам нокасе фавтид, ба маргаш калби покон сухт,
Чи беахдиву нопоки, сабукборон хама рафтанд.
Ба ишки дилбари навхат, чу саг пире вафодор шуд,
Кучо шуд тоати пирон, худотарсон хама рафтанд.
Чи шуд, ки дилбарон имруз, ба холу хат шуда мафтун,
Ба дунболи хавасбози, ба суи нокасон рафтанд.
Бидидам ман гадоеро, зи нон