Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёниву не аз қатъи мӯст.
Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати авранг аз илму фан аст,
Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст