Оҳуе ба назди чашма рафт, то об бинӯшад. Чун акси худро дар об дид, пойҳояш борику кӯтоҳ ба назар омад ва ғамгин шуд, аммо шохҳои баланду зебояшро, ки дид, хурсанду мағрур гашт. Дар ҳамин ҳин чанд шикорчӣ қасди шикори ӯ карданд. Оҳӯ гурехт. Чунон чолок медавид, ки сайёдон ба ӯ нарасиданд. Аммо вақте ба ҷангал расид, шохҳояш ба дарахте банд монд. Сайёдон расиданд ва ӯро бо худ бурданд. Оҳу, ки асир монд, бо худ гуфт: Дареғи пойҳоям, ки аз онҳо нохушнуд будам, наҷотам доданд, аммо шохҳоям, ки бо зебогии онҳо меболидам, гирифторам карданд.
Чи басо гоҳе аз чизҳое ношукрӣ ва гила мекунем, ки ба нафъамон ҳастанд ва ба чизҳое меболем, ки сабаби гирифторӣ ва бало мешаванд.