Дил чун мутеъ гашт,чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле,ки бар надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехурад падар чу писар беҳунар шавад.
Сӯйи муҳит дӯш давидам зи ташнагӣ,
Обе наёфтам,ки лаби коса тар шавад.
Б.ерун намекунад зи қафас тӯтии маро,
Гар хони рӯзгор пур аз найшакар шавад.
Ашкам зи дида пой ба рӯям ниҳодааст,
Ин тифл рафта-рафта худобехабар шавад!
Акси рухи ту зинда кунад ҷони мурдаро,
Тарсам,ки рӯйи оинаҳоро хабар шавад!
Хат ҳам дамиду фитнаи он чашм кам нашуд,
Золим чу пир гашт,ситамгортар шавад!
Бар боғбон умеди самар аз ниҳол нест,
Нахле,ки солхӯрда шавад борвар шавад!
Эй Сайидо, чӣ суд аз ин кимиёгарӣ,
Толеъ агар мадад бикунад хок зар шавад!
Сайид