ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК:
РОСТГӮТАРИН ОДАМИ ОЛАМ
Як пирамарди хурдакаки бинидароз назди оташдон нишаста, саргузашташро ҳикоя мекунад. Ҳозирон ин қиссаҳоро бо завқ шунида, рӯйирост иқрор мешаванд:
– Оббо, Мюнҳаузен. Қанд занед-е, барон!
Аммо вай ба ин таърифҳо эътибор намедиҳад. Тамоман ором аст. Баъд нақл мекунад, ки чӣ хел як рӯз ба моҳ парида буд ё чӣ тавр муддате дар миёни одамони сепо истиқомат кард. Ҳатто боре ӯро як моҳии бузург фурӯ бурд ё сараш аз танаш ҷудо шуда афтид...
Як дафъа меҳмоне суханони ӯро хуб гӯш кард, гӯш карду якбора ба ғазаб омад:
– Ҳамааш дурӯғ! Он чи гуфтед, бофта аст.
Пирамард абру ба ҳам кашид ва мағрур шуд. Пас ҷавоб дод:
– Ҳар граф, барон, княз ё подшоҳро, ки бо