Дуоям кун..
Саҳаргоҳӣ агар саҷҷода во кардӣ, дуоям кун,
Бисоти гиря дар хилват бапо кардӣ, дуоям кун.
Дилат дарёст медонам, ки пешаш обрӯ дорӣ,
Нишасте бо Худои худ сафо кардӣ, дуоям кун.
Касе ин гӯшаи дунёст муҳтоҷи дуои ту,
Ба тасбеҳат агар зикри Худо кардӣ, дуоям кун.
Пур аз ҳарфу пур аз дардам ба расми ошиқон эй дӯст,
Дилат ларзиду ёде ҳам зи мо кардӣ, дуоям кун.
Ба ҳар дар мезанам баста аст ҳама дарҳо ба рӯи ман,
Худоро зери лаб имшаб садо кардӣ, дуоям кун.
Манам он рӯсиёҳе, ки хиҷолат мекашад аз худ,
Шафоат аз мани ғарқи хато кардӣ, дуоям кун.
Ғариб афтодаам ин ҷо касе санги сабурам нест,
Ба ҳаққи ҳар ғарибе, ки дуо кардӣ, дуоям кун.