🌿Ҳар ки хӯрд дар кӯдакӣ, як бурда аз нони падар,
🌿Кам бувад то умр бӯсад, дасту домони падар.
🌿Хонааш равшан шавад, аз рӯи тобони падар,
🌿Мекунам ҷону дилам, сад бор қурбони падар.
🌿Хулқу одобе ба фарзанд, аз падар мерос бувад,
🌿З-ин сабаб фарзанд мудом аст, шавкату шони падар.
🕊️Хонаи торик шавад равшан, зи ҳастии кӯдакон,
🕊️Рӯи фарзанд аст чароғи давру даврони падар.
🕊️Лаҳзае дар хонааш, гар дер биёяд бе сабаб,
🕊️Дар сари роҳ интизор аст, чашми ҳайрони падар.
🕊️Ногаҳон дар пои фарзанд, гар халад як хору хас,
🕊️Хун чакад беихтиёр, аз чашми гирёни падар.
🕊️Гар падар, теғи забоне хӯрда аз фарзанди худ,
🕊️То тамоми умри худ, дард мекунад, ҷони падар.
🕊️Гар падар аз хулқи