Ислом дине аст, ки бар пояи ваҳдат, бародарӣ ва иттиҳод бино ёфтааст. Қуръони карим мусалмононро ба якдилӣ даъват намуда, онҳоро аз ихтилофу тафриқа ҳушдор медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар тӯли таърих ва ҳатто дар замони муосир, уммати ислом ба гурӯҳҳо ва равияҳои гуногун ҷудо шудааст. Дар ин мақола кӯшиш мешавад, ки масъалаи тафарруқ дар байни мусалмонон, сабабҳо, намудҳо ва паёмадҳои онро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳифзи ваҳдатро нишон диҳад.
Дар ибтидои ислом, мусалмонон ба ду бахш тақсим шуданд, аҳли суннат ва шиа. Аҳли суннат худро пайрави Қуръони карим ва суннати Паёмбари ислом (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) медонанд. Дар дохили аҳли суннат чор мазҳаби маъруфи фиқҳӣ вуҷуд дорад, ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ. Ин мазҳабҳо дар асл роҳҳои гуногуни фаҳмиши аҳкоми шаръӣ мебошанд, на мазҳабҳои ҷудогона дар эътиқод.
Дар тарафи дигар, шиа низ ба чандин равия ҷудо шудааст, аз ҷумла ҷаъфария, дувоздаҳимомия, исмоилия ва дигар шохаҳо. Ҳар яке аз ин равияҳо дар баъзе масоили эътиқодӣ ва таърихӣ мавқеи махсус доранд.
Мутаассифона, ихтилоф танҳо ба мазҳабҳои классикӣ маҳдуд нашудааст. Дар дохили уммати ислом ҷараёнҳои гуногуне пайдо шудаанд, ки бо номҳои мухталиф фаъолият мебаранд, суфигарои, ҳаракатҳои сиёсишуда, гурӯҳҳои такфирӣ ва дигар равияҳое, ки бо сухан ё амали худ ба чеҳраи ислом зарар мерасонанд.
Дар бисёр кишварҳо чунин гурӯҳбозӣ боиси нооромӣ, ихтилофи иҷтимоӣ ва ҳатто хунрезӣ шудааст. Исломе, ки бояд мардумро муттаҳид созад, дар дасти ифротгароён ба василаи ҷудоихоҳӣ табдил ёфтааст.
Алҳамдулиллоҳ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гурӯҳбозии мазҳабӣ ва равиявӣ таъсири густарда надорад. Сатҳи огоҳии динӣ ва иҷтимоии мардум, инчунин таҷрибаи таърихӣ, сабаб шудааст, ки ҷомеа аз ифрот ва тафриқа дурӣ ҷӯяд. Бо вуҷуди ин, огоҳ будан ва ҳушёр мондан ҳамеша зарур аст, зеро фитна аксар вақт аз роҳҳои ноаён ворид мегардад.
Қуръони карим тафриқаро сахт маҳкум мекунад. Худованди мутаол мефармояд:
“Аз ҷумлаи касоне набошед, ки пас аз омадани далелҳои равшану ошкор дини худро ба фирқаҳо ҷудо карданд”.
Ин оят нишон медиҳад, ки тафриқа пас аз равшан шудани ҳақ, нишонаи сустии имон ва пайравӣ аз ҳавои нафс аст.
Тафарруқ дар байни мусалмонон паёмадҳои хатарнок дорад, заъфи уммати ислом, аз байн рафтани эътимод ва бародарӣ, истифода шудани ихтилоф аз ҷониби душманони ислом, таҳрифи симои ҳақиқии ислом дар ҷаҳон.
Роҳи асосии наҷот аз тафриқа бозгашт ба Қуръон ва суннати саҳеҳ ва дурӣ аз такфир мебошад. Мусалмонон бояд дарк намоянд, ки ихтилоф дар фиқҳ табиӣ аст, аммо тафриқа дар дилу ният ҳаром ва хатарнок мебошад.
Ислом дини ваҳдат аст, на дини гурӯҳбозӣ. Ҳар касе, ки бо номи ислом тафриқа меангезад, бар хилофи мақсади аслии дин амал мекунад. Ваҳдати уммат, эҳтироми якдигар ва пайравӣ аз Қуръон ва суннат, калиди қудрат ва иззати мусалмонон аст.
Каримов Раҳим, узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев