Ин сухани пурҳикмат аз Имоми бузург Абдуллоҳ ибни Муборак (раҳматуллоҳ алайҳ) моро ба як бемории хатарноки дил, ҳасад огоҳ мекунад. Ӯ мефармоянд, агар касе бинад, ки бародараш соҳиби неъмат, мартаба ё ризқе шудааст, ки худи ӯ надорад, набояд дил танг шавад ва ба ҳасад роҳ диҳад.
Зеро ҳасад танҳо як эҳсоси ботинӣ нест, балки иллате аст, ки баракати рӯзиро мебарад. Ҳасадкор ҳар субҳ бо ғам бедор мешавад ва ҳар шаб бо андӯҳ мехобад. Ӯ на аз неъмати дигарон шод мегардад ва на аз он чи Худо барояш додааст қаноат мекунад. Дар натиҷа, Худованд баракати рӯзии ӯро кам мекунад, оромиши қалбашро мегирад ва зиндагияшро бе лаззат месозад.
Имом Ибни Муборак (раҳматуллоҳ алайҳ) бо ин сухан таъкид мекунад, ки қисмати дигарон сабаби кам шудани насиби мо нест, балки ҳасад сабаби маҳрумияти худи мост. Он касе, ки ба қазо ва тақдири Худо розӣ аст, дилаш ором ва рӯзияш пурбаракат мегардад.
Ҳасад оташе аст, ки пеш аз ҳама соҳиби худро месӯзонад. Агар мехоҳем дар зиндагӣ баракат, оромӣ ва ризқи ҳалол дошта бошем, бояд дилро аз ҳасад пок намуда, барои неъмати дигарон шукр гӯем ва барои худ бештар ба Худо таваккал кунем. Қаноат ва ризо, калиди хушбахтӣ ва баракати зиндагист.
Каримов Раҳим н.и.ф. Декани факултети филология Шарқи ДИТ


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев