Аҷоиб буд замони пеш,
Баробар буд шаҳу дарвеш,
Масири зиндаги имрӯз,
Шави бепул наёби хеш.
Агар ёфти ту молу зар,
Макун фахре зи бому дар,
Фақиру шоҳи ин дунё,
Раванд охир ба хоки тар.
Ба ҳар як рӯзи идона,
Машав ту масту девона,
Бигир дасти ғарибонро,
Зи шаҳри мулки бегона.
Биояд одами як бор,
Яке солим яке бемор,
Яке бин аз ҷавони рафт,
Дигар аз зиндаги безор.
Ғариби мекаши имрӯз,
Ту бехоби шабу ҳам руз,
Каши ранҷе зи танҳоӣ,
Набошад аз барат дилсуз.
Надидам одами беғам,
Ки бошад солиму бардам,
Зи ин дунёи пур-ҳасрат,
Ғаму дард мекашад одам.
Бикун ёри ба фарзандон,
Марав ту аз паси шайтон,
Марезон қадри миллатро,
Агар дори каме имон.
10-06-2024
Мустақим