ОРОМИ ПОНҒОЗӢ ВА МЕРОСИ АДАБИИ Ӯ
Исомиддин Шарофиддинов – Ороми Понғозӣ дар соли 1910 дар деҳистони Понғози ноҳияи Ашт (воқеъ дар вилояти Суғди кунунӣ), дар хонаводаи марде косиби равшанфикр бо номи Мулло Шарофиддин ба дунё омадааст. Мулло Шарофиддин, ки бо косибӣ – мӯзадӯзӣ таъмини маъош мекард, ҳамзамон аз улуми динӣ ва адабӣ низ огоҳии хубе дошт ва аз ин рӯ, ба таълим ва тарбияти фарзандонаш аҳамияти бисёр медод. Мулло Шарофиддини косиб соҳиби чаҳор писар ва як духтар буд, ҳавлии начандон бошукӯҳ, вале бофайзу баракат дошт: чаҳор дар хонаи чӯбдара, ҳавлии масоҳаташ тақрибан 60 метри мураббаъ, гирдогирди ҳавлӣ заруриёти зиндагии хонавода – ошхона, танӯрхона, суфача, ҳаммомхона, таҳорат