Кош имруз дар барам ман ҳам падар медоштам,
Боз як давлат ба худ болои сар медоштам.
Бар гурухе аз падардорони бе мехру лаъин,
Ибрате гардида, худ фарки дигар медоштам.
Моли дунё ёфтам лекин наёфтам ман падар,
Бо будаш як зиндагии пурсамар медоштам.
Зиндагиям бе падар бигзашту маъное надошт,
Шоми хуш бо буданаш файзи сахар медоштам.
Офтоби зиндагиро нур пошад модарам,
Шукри модар, бо падар дурру гухар медоштам.
Дида гирён дар рахаш рузе равам ман низ ба хок,
Хок бар сар эй Наби кошо падар медоштам.