Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳар ду,
Мусибат аз мусулмонҳост, ё куфор ё ҳар ду?
Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтр аст, ё кирдор, ё ҳарду?
Ватанро аз хатар фикри вакилон мекунад эмин,
Ва ё сарнайзаи як лашкари ҷарор, ё ҳар ду?
Ватанро фитанаи маснаднишинон дод бар душман,
Ва ё ин мардуми бедониши бозор, ё ҳар ду?
Каманди бандагӣ бар гардани бечорагон маҳкам,
Зи банди сабҳа шуд, ё риштаи зуннор, ё ҳар ду?
Ба қатлу ғорати деҳқону истисмори заҳматкаш,
Фақат масҷид бувад бонӣ, ё доси ҷавҳардор, ё ҳар ду?
Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон,
Зи чаккуш мешавад, ё доси ҷавҳардор, ё ҳар ду?
Вакил аз хидмати миллат тағофул мекунад амдан,
Ва ё бошад вазир аз мам