Ганҷ дар хилвати кон аст, аёнаш накунед,
Роз дар сина ниҳон аст, баёнаш накунед.
Ишқ як гавҳари улвист аз ин олам нест,
Ҷои ӯ дар раги ҷон аст, зиёнаш накунед,
Инчунин аст дигар гавҳари олӣ виҷдон,
Қоматаш сарви равон аст, камонаш накунед.
Кури биношуда аз даст асо бигзорад,
Аз асо ёд гарон аст, чунонаш накунед.
Нохудо! Киштии мо ғарқ ба гирдоби балост,
Раҳи соҳил на аз он аст, равонаш накунед.
Дӯш дар сӯҳбате аз пири хирад бишнидам,
Гуфт: дунё гузарон аст, маконаш накунед.
Умр чун тир равон ҳар нафасе Ҷаъфарӣ аст,
Тир берун зи камон аст, нишонаш макунед.