Қиссаи_ҷолиб Марде дар хоб дид, ки қиёмат барпо шудааст. Ҳама мардум дар саҳрои маҳшар қарор доранд, офтоб ба қади найза поён шудааст, мардум дар навбат ба ҳисобу китоб назди Парвардигор интизоранд, аммо аз наздиконашон, аз волидайну фарзандонашон гурезонанд. Ҳама саргардон ҳастанд. Фариштае ба дасти мард китоберо дод ва гуфт: - Ин номаи аъмолат ҳаст, интизор шав, чун туро бо номат даъват карданд, барои ҳисобу китоб ҳозир шав. Муддате пас номашро мехонанд ва он мард дар назди Парвардигор ҳисобу китоб мешавад. Чунон ҳисобу китоби вазнине мешавад, ки мард дар арақи худаш то гӯшҳояш ғӯтавар мешавад. Дар охир ҳукмашро эълон мекунанд, ки бояд ба дӯзах партофта шавад. Мард ба доду фиғону вовайло о