КАЛИМАҲОЕ, КИ БЕНАМОЗРО ВОДОРИ НАМОЗХОНӢ ХОҲАНД КАРД!! * Оё медонӣ, ки Аллоҳи зулҷалол аз бенамоз безор аст?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мефармоянд: "Намозро дидаву дониста тарк макун, зеро касе, ки намозро қасдан тарк мекунад, ба дурусти Аллоҳу пайғамбараш аз ӯ безоранд". Яъне ӯро дар Ислом аҳду амоне нест. * Оё медонӣ, ки Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам бенамозро ҳукми ба куфр кардаанд?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мефармоянд: "Миёни шахс ва куфр тарки намоз аст" * Оё медонӣ, ки бенамоз дар қабристони мусалмонон дафн карда намешавад?!! * Оё медонӣ, ки бенамоз чи гуна дар қабраш азоб дода мешавад?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармудаанд: "