Рафтам ба дари хонаи қалбаш ба гадоӣ.
Пурсидам аз ӯ дарду ғаму ҷони фидоӣ.
Гуфто: ки туро чист талаб аз дили ғофил?
Гуфтам: ки каме ишқу вафо баҳри худоӣ.
Гуфто: ки ба дил заррае аз ишқ надорам,
Ҳам бехабарам аз ҳама оини вафоӣ.
Гуфтам: ба дилат ҳаст каме раҳму адолат,?
Медони магар ҳасрату ғамҳои ҷудоӣ.?
Гуфто: ки маро нест хабар з-ончи мурод аст,
Хоҳам, ки бидонам, ту чаро волаи моӣ?
Гуфтам: ба умеде ки шави ошиқу ёрам,
Дасте бишави бар ману аз ғусса раҳоӣ.
Гуфто: ки надорам талаби ишқи ту дар дил.
З-ин матлаби худ нуқтаву ҳарфе накушоӣ!
Гуфтам: абади нест туро базми ҷавонӣ,
То чашм кушои, ки ту дар дори фаноӣ,
Гуфто: ки нахоҳам сухане аз ту шунидан,
В-ин маслиҳату майлу т