Дило,рафики сафар бахти некхоҳат бас,
Насими равзайи Шероз пайки рохат бас!
Дигар зи манзили чонон сафар макун,дарвеш,
Ки сайри маънавиву кунчи хонақоҳат бас.
Агар камин бикушояд гаме зи гушайи дил,
Ҳарими даргахи пири мугон паноҳат бас.
Зиедати маталаб ,кор бар худ осон кун,
Суроҳийи майи лаълу бути чу моҳат бас.
Фалак ба мардуми нодон дихад зимоми мурод,
Ту аҳли донишу фазлӣ,ҳамин гуноҳат бас.
Ҳавойи маскани маълуфу ахди ери кадим
Зи рахравони сафаркарда узрхохат бас .
Ба миннати дигарон ху макун ,ки дар ду ҷахон
Ризойи эзиду инъоми подшоҳат бас.
Ба ҳеҷ вирди дигар нест ҳоҷат эй ,Ҳофиз,
Дуъойи ними шабу дарси субҳгоҳат бас!