МАРО: Чехраи хандони инсон хуш меояд маро Сабзаи гул дар бахорон хуш меояд маро Зиндагони ин чи маъни хам баланду пастихо Хандаи гул дар гулистон хуш меояд маро.
Он чи бигзашт дар гузашта узр пурсидан савоб Хурматии байни инсон хуш меояд маро Бо салому бо алек бошем хама эй дустон Донистани кадри инсон хуш меояд маро.
Дар хама чо гашта инсон хушзабон бояд буд Хондани шеъру газалхон хуш меояд маро Он чи гайбат мешуниди гуши худро кар кун Нолаи най дар биёбон хуш меояд маро.
Он чи дидам ончи гуфтам бар худо бошад аён Рузу шаб гуфтан худочон хуш меояд маро Хам ба сахту хам ба мушкил шукр мебояд кард Додани нон бар сагирон хуш меояд маро!