Расида рузи модар модарам нест,
Шукухи ид дар бому дарам нест!
Ба чуз як каф дуои гиряолуд,
Барояш армугони дигаре нест!
Расида, рузи модар хам бахорон,
Ту эй модар ба зери хок пинхон,
Зи дил сад гуфтахо дорам бароят,
Ба ки гуям? Вой дарего модари чон!
Расида рузи модар, модари ман,
Шикаста комату болу пари ман.
Ду чашми чор дорам суи гурат,
Кучои, эй хама бахру бари ман.
Хама дуконхо дар айни чушанд,
Ба модардорхо гул мефурушанд!
Вале бемадорони мисли Барно,
Нигах кунанд афсус мехуранд зор!
Аё модар, туро табрик гуён,
Намоям тухфа аз оёти куръон.
Худо дихад ба ту аз тухфаи худ,
Макони ту бувад дар чаннатистон!