Аз балохо хифз кун,ё Раб,гулистони маро, Махв кун аз номаи аъмол исёни маро. Умри худро сарф кардам дар паи молу манол, Нур бахшо аз карам рохи шабистони маро. Бо умеди лутфи ту худро тасалли медихам, Ворахон аз чанги навмеди гиребони маро. Банд банди устухонам мешавад аз хам чудо, Чамъ кун ин хотири аз му парешони маро. Рузи махшар айби моро пуш, Саттор-ул- уюб, Дех халоси аз чаханнам чони нодони маро. Бас,Зарифи,такядори мост Рабб-ул-ъоламин , Мекунад осон ба лутфи худ гунохони маро.