Чӣ тадбир эй мусулмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсоям, на яҳудам, на габру на мусулмонам.
На шарқиям на ғарбиям, на улвиям, на сифлиям,
На з-аркони табииям, на аз афлоки гардонам.
На аз Ҳиндам на аз Чинам, на аз Булғору сақсинам,
На аз мулки Ироқиям, на аз хоки Хуросонам.
Нишонам бенишон бошад, маконам ломакон бошад,
На тан бошад, на ҷон бошад, ки ман худ ҷони ҷононам.
Дуеро чун бутун кардам, ду оламро яке дидам,
Яке бинам, яке ҷӯям, яке донам, яке хонам.
Агар дар умри худ рӯзе даме бе ту баровардам..
Аз он рӯзу аз он соат пушаймонам пушаймонам.
Ало эй Шамси Табрезӣ, чунон мастам дар ин олам
Ки ҷуз мастиву сармастӣ дигар чизе намедонам..
Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ
----- - ---