Хун гиря мекунам ман бар ҳоли зори Кобул,
Бар ҳоли хору зори беҳад фигори Кобул.
Ошуфта беқарорам аз марги ҳамзабонон,
Кай мерасад Худоё аз нав қарори Кобул.
Эй тирамоҳи ғурбат охир бидеҳ ҷоят,
Бар фасли сабз, ояд, зебобаҳори Кобул.
Тири шумо ба ман зад эй қотилони бедил,
Кобул бародари ман, ман аз табори Кобул.
Бо марги навҷавонон дар лаҳзаи ҷавонӣ,
Сад орзу хазон шуд дар инфиҷори Кобул.
Фарёди талхи модар то гӯши ахтар ояд,
Дар оҳу навҳа гум шуд савти ҳазори Кобул.
Шаҳри ҳазор ғурбат олуда бар хуни худ,
Як нимае намонда дар тан мадори Кобул.
Хунрез дар дили дай, Масъуд дар куҷоӣ,
Бо чашми тар биё бин ин лолазори Кобул.
Эй хок бар сари ту эй ,,толиб”-и хуношом,
Бар ту чӣ бад расида