Чаро бераҳми сангиндил, дилат бар ман намесӯзад?
Маро куштӣ чу як қотил, дилат бар ман намесӯзад.
Давидам аз қафои ту, бисӯхтам аз барои ту,
Чаро, эй ишқи беҳосил, дилат бар ман намесӯзад?
Туро шоҳи дилам гуфтам, нигори хушгилам гуфтам,
Чаро, эй шоҳи ноодил, дилат бар ман намесӯзад?
Вуҷуди хастаамро сӯхт ишқи ҷонгудози ту,
Чаро ҳастӣ зи ман ғофил, дилат бар ман намесӯзад?
Накарда ҳеҷ андеша, бигуфтӣ, эй ҷафопеша,
Суханҳои маро ботил, дилат бар ман намесӯзад.
Чӣ душвор аст танҳоӣ, маро куштаст раҳпоӣ,
Биё осон бикун мушкил, дилат бар ман намесӯзад.