Модар - модар ту беҳтарин армонӣ,
Шодӣ ба дилу ба хонадон эҳсонӣ.
Аз меҳру навозишат мунаввар олам,
Дар даҳр ҳамеша ҷовидон мемонӣ.
Оре, модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза, арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаëт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру му -
ҳаббати беканор пайдо мегардад.