Воқеъаи ҳақиқи ва таъсиргузор барои дилҳои хоби мову шумо. Ҳатман бихонед! Корманде мегӯяд: Ман хеле саросема аз ҷои кор ба хона омадам. Ба модарам гуфтам лутфан хӯрокамро омода кунед. Худам рафтам барои вузу гирифтан, чун вақти намози шом аллакай мегузашт. Вузуро комил карда зуд барои намоз болои ҷойнамоз истодам. Баъд аз нийят ва идомаи намоз гоҳ-гоҳе обҳои рӯямро бо остини дастам тоза мекардам. Вақте ба рукуъ рафтам, ба ёдам омад, ки овардани доруҳои модарамро фаромӯш кардам. Баъди баланд шудан аз рукуъ, ба фикрам омад, ки пагоҳ пули ҳаққи мураббиро низ бояд бидиҳам. Ба саҷда рафтам, онҷо тамоми корҳои хона ба ёдам омаданд, ки бояд мекардам. Аз сабабе, ки хаста будам дар ҳамин ҳол дар нам