Ҳайф аз ин умр, ки бе ёди Худо мегузарад,
Ки ҳама рӯз ба сад ҷурму хато мегузарад.
Умри ҳар одами ганҷест, ки шарҳаш натавон дод,
Ҳайф аз ин ганҷ, ки бо ёву ҳаё мегузарад.
Рӯзи охир, ки Худо ҳосили умрат талабад,
Андар он рӯз чи гуӣ, ки чиҳо мегузарад.
Шайху муллову ва ё қозии шаҳр,
Кору бори ҳама бо рую риё мегузарад.
Нест пӯшида ҳузури ба худо кори ҳама,
Орӣ бас ҳарчи ба хотир ҳамаро мегузарад.