Гуфтам фаромӯшат кунам, ин дил ба ман гӯше накард, Дар дида хомӯшат кунам, ин дил ба ман гӯше накард. Ин доғи ишқат кардааст, қалби маро садпорае, Дар оташи рашку ғазаб, ин дил ба ман гӯше накард. Дар кӯи ишқи ту ки ёр, сӯхтам кунун бо қалби зор. Ин дил бисӯхт бо чашми чор, лекин фаромӯшат накард. Гуфтам: "Бирав! Ҳар ҷо бихоҳ, ман интизорат- мунтазир," Гуфто: "Ки тан бе ҷон куҷо?" Ин дил фаромӯшат накард. Чун шаъми базми қудс ҳам сӯхт ин дили бечораам, Бо дарду доғи ошиқӣ ин дил фаромӯшат накард. Гар ту бихонӣ номаам, бар худ биё дону дигар, Ин дили хастаҷон ҳаргиз фаромӯшат накард.