Ҷаҳон яксон азизонам яқин ҳар дам намемонад,
Саҳар чун офтоб ояд ба гул шабнам намемонад.
Ҷавоби некиву зиштӣ расад бар соҳибаш рӯзе,
Ки ин чархи фалак аз гардишаш кам-кам намемонад.
Агар шодӣ ба кас додӣ, бубини шодиҳо афзун,
В-агар ғам дода бошӣ синаат беғам намемонад.
Агар чашми умедеро зи худ ту ноумед созӣ,
Шавад рӯзе, ки чашми ту зи ғам бенам намемонад.
Ҷаҳон дар дасти ту медон дори санҷиш аст одам!
Сулаймонвор туро бар даст ин хотам намемонад.
Мабодо хонае аз дасти ту мотамсаро гардад,
Даруни хонаат як умр бемотам намемонад.
Аё эй Ҷаъфарӣ! Панди накӯ гуфти ба асри хеш,
Ба ҷуз одамгарӣ меросе аз одам намемонад.