Сахар бархез тоат кун, ки тоат бех зи хар кор аст, Саодат он касе дорад, ки пеш аз субх бедор аст. Дилам гуяд, ки бархезам, хаво гуяд, ки дам дигар, Хаворо зери по орам, ки ончо амри Чаббор аст. Чу мургон хар сахар гуянд: "Кум ё айюхалгофил" Ки ту дар хобию кай дони, касе донад, ки бедор аст. Аз ин бехтар, ки бархези, зи дида хуни дил рези, Зи дасти чахл бигрези , ки Шайтон сахт маккор аст. Аё эй Шамси Табрези, гахе шахду шакар рези, Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст.