Махур эй банда гам харгиз, ки гамхорат Худо бошад,
Чу Юсуф кунчи зиндони мададгорат Худо бошад.
Дар ин дунёи пир диданд басо туфону обгардиш,
Ба мисли Нух чи хайрони нигахдорат Худо бошад.
Надорад ахд, занест дунё, ки бо ишва кунад фандат,
Ту паймони Худо нашкан, вафодорат Худо бошад.
Тавони гар бикун коре, ки огозаш зи бисмиллост,
Ки огозу ва анчоми хама корат Худо бошад.
Чахони пиру солхурда надидаст чун Худо ёре,
Дар ин дунёву он дунё факат ёрат Худо бошад.
Чароги хонаи дилро агар нур аз имон дори,
Ба махшар рузи бозорат харидорат Худо бошад.
Дилат гар чун дили оина сафед асту сиёхи нест,
Макун парвои ин дилро, ки дилдорат Худо бошад.
Хамон рузе, ки бурдандат, Анис аз хок дар хокат,
Хуран