Баъди маргаш дар сари гураш гиристанхо чи суд, Аз кафои тобуташ сад дод гуфтанхо чи суд. Холате ки зинда буд кадраш накарди нохалаф, Санги бечон дар сари гураш гузоштанхо чи суд. Солу мох бедор буд як бор нарафти диданаш, Ин замон болои хокаш по ниходанхо чи суд. Хост боре то бубини комати хамгаштааш, Ру ба суи хонааш акнун давиданхо чи суд. Севу хафту чилу солаш ин хама бехудааст, Мисли кардаст руи хонаш ин париданхо чи суд. Даст бар суи Худо бардору умре зора кун, Тавба дар даргохи уст аз ину аз онон чи суд. Ту якин дон кадри фарзанд ин дифои волидайн, Варна аз ин будани мову ту дар дунё чи суд.