Дубайтиву рубоиёт
Умед аз ноумедиҳо зиёд аст,
Ки дар бедодҳо ҳам гоҳ дод аст.
Ғалат бошад, ки бо даъвӣ бигӯям;
Касе бо дарди ман ҳаргиз назодаст.
************
Шуда торик шаб, маҳтоб хоҳам,
Гулӯям хушк шуд ман об хоҳам,
Ниёзи зиндагонӣ дӯстдорист,
Муҳаббат хоҳаму аҳбоб хоҳам.
*************
На ҳар сайёрае мисли замин аст,
На ҳар як дидае борикбин аст.
Ба аҳле бутпарастӣ мояи куфр,
Барои иддае имону дин аст.
**************
Дар андаку дар зиёди мардум баду нек,
Дорад шабу бомдоди мардум баду нек
Бар хубу ба зишти хеш иқрор шавем ,
Ҳаргиз наравад зи ёди мардум баду нек.
**************
Хоҳам, ки ҳамеша боғи улфат саб