Мо сарири салтанат дар бенавоӣ ёфтем, Лаззати риндӣ зи тарки порсоӣ ёфтем. Солҳо дарюза кардем аз дари соҳибдилон, Мояи ин подшоҳӣ з‐он гадоӣ ёфтем, Ҳиммати мо аз сари суратпарастӣ даргузашт, Лоҷарам дар мулки маънӣ подшоҳӣ ёфтем. Партави шамъи таҷаллӣ бар дили мо шўъла зад, Ин ҳама нуру зиёъ з‐он рушноӣ ёфтем. Сўҳбати майхорагон аз хотири мо маҳв кард, Он кудуратҳо, ки аз зуҳди риёӣ ёфтем. Пеш аз ин дар сар ғурури сарфарозӣ доштем, Тарки сар кардем з‐он заҳмат раҳоӣ ёфтем