Дигаронро дар хиҷолат монда худ роҳат макун Ҳарчи бахшидӣ ба кас асло ба у миннат макун Ҳар сухан ҷо дораду ҳар нуқтаро маъно бувад Бар рафиқи ношинос аз ҳар хусус суҳбат макун Гар шиновар нестӣ пой бар лаби дарё намон То миёнат ғарқ гаштӣ аз канор андеша кун Сири дил то метавонӣ ба ёри худ магу Ёр ёре дораду аз ёри ёр андеша кун