-Падар: Фарзандам, дилам дидани туро мехоҳад. Дар куҷо ҳастӣ? Фарзанд: Падар, кори зиёде дорам. —- -Падар: Фарзандам, чанд маротиба занг задам, аммо туро наёфтам Фарзанд: Падар, маҷлис доштам. — – Падар: Фарзандам, имшаб туро дар хӯроки шом интизор мешавам. Фарзанд: Падар, қаблан бо рафиқҳоям як барномае дар нақша гирифтем. —- -Падар: Фарзандам, гуфтам, ки як овозатро шунавам. Фарзанд: Падар, телефонро бояд хомӯш кунам. Баъдтар занг мезанам. —- —- - Падар: Фарзандам, кай ба наздам меоӣ? Фарзанд: Падар, корам зиёд аст. Вақт шавад меоям. — - Падар: Фарзандам, дишаб дар хобам дидам. Хуб ҳастӣ? Фарзанд: Хубам падар хубам. Ҳозир дар сари чамбарак ҳастам. Баъдан зангат мезанам. —- -Падар: Фарзанда