Агар дар зиндаги хори Агар ранҷуру бемори Агар дар зери ғам бори Машав ғамгин Худо дори Агар ҷони ҷавонат сухт Вуҷуду устухонат сухт Агар чи хону монат сухт Машав ғамгин Худо дори Агар рафт навҷавоният Нишони зиндагоният Агар рафт ëри ҷоният Машав ғамгин Худо дори Агар гашти дур аз модар Ҷудо аз хонаву аз дар Балое гар расид бар сар Машав ғамгин Худо дори Қазо кард гар ҷигарбандад Ҳаëт гар мекунат фандат Ҷигархуну миëнбандад Машав ғамгин Худо дори Агар чи хона вайрони Агар чи дида гирëни Агар дар кунҷи зиндони Машав ғамгин Худо дори Агар рузи сиëҳ дори Ҳазор фарëду оҳ дори Бидон пушту паноҳ дори Машав ғамгин Худо дори Агар пойи равон дори Агар як пора нон дори