Бидуни ҳамраҳе дар пеш раҳ дорам,
Агарчи такчароғе нест, маҳ дорам,
Ба кулвори сафар бори гунаҳ дорам.
Ба ҳар кирдору ҷурми хеш иқрорам,
Ҳар он чи дар насибам буд, сазоворам!
Нагиред кор бар корам!
Ҳанӯз овозҳои бастаам озодӣ мехоҳанд,
Ғазалҳо шодӣ мехоҳанд.
Агарчи бо тани танҳо,
Агар ҳамсояи ғамҳо.
Агар уфтодаву масмум,
Агар бегона аз мардум,
Иҷозатро барои зистан дорам
Аз Парвардигорам!
Миёни ин ҳама ҳамдастӣ дасте нест, то дасти касе гирад,
Чи ҳоҷат з-ин ибодатҳо, агар отифа мемирад?
Ман инҷо аз талабгорони тӯфонам,
Аз он, ки нохудоеро Худо хонам!
Маро маъзур дореду
Далоил беш аз ин н-оред!
Худам бо шонаҳоям мекашам инҷо
Салибамро ба танҳоӣ…
Ба расвоӣ,
Ва ё бо сози зебоӣ!
Маро дар пеши