Ба Худо қасам, намоз хоҳам хонд! Муҳим ки зинда монам
Ровии ин қисса мегӯяд:
Назди бемористон будам, ки мошини ёрии таъҷилӣ омад ва аз он ҷавонеро берун оварданд, ки шояд 25-26 сола буд. Пои ҷавон аз танаш ҷудо шуда ва худаш ғарқи хун буд. Бо тамоми қувва фарёд мезад. Як нафаре, ки шояд бародар ё яке аз наздиконаш буд, наздаш хондаву мегуфт: Ман мурдан намехоҳам! Метарсам, ки ба оташи дӯзах дароям!
Ба нафари дигари наздашбуда нигариста мегуфт: Муҳаммад, ман намоз намехондам… ман хеле метарсам. Бигзор шал шавам, муҳим ки намирам... Иншоаллоҳ акнун мехонам… Ба Худо қасам намозҳоямро хоҳам хонд… Муҳим ки намирам…
Мардуми зиёд ҷамъ омада буд. Ман аз дидани ин ҳодиса сахт тарсидам, чун лаҳзаи