Ҳар субҳи Бомдодӣ, Хезӣ агар ба шодӣ. Чаҳор ракааташ бихонӣ, Шайтон зи роҳ биронӣ. ------------------------------ Вақти Намози Пешин, Болои ҷойнамоз шин. Ё Раб бигую омин, Худро накун ту зомин. ------------------------------ Намози Аср омад, Сад малоик даромад. Аз сураҳои Қур'он, Тадбиру қомат омад. ------------------------------ Вақти Намози Шом шуд, Хез дуст кор тамом шуд. Биё Намоз гузорем, Шайтон дар лаби бом шуд. ------------------------------ Вақти Намози Хуфтан, Розу ниёз гуфтан. Аз даргаҳаш талаб кун, Роҳи Биҳиштро ҷустан.