Чаро бевафоӣ кардӣ, чаро маро дар зиндагӣ танҳо гузоштӣ? Магар намедонӣ, ки ишқи ту тамоми вуҷудамро месӯзонад, эй бевафо?! Мани содда туро бовар карда, ишқи дурӯғинатро дар қалбам ҷо намудаму имрӯз ранҷ мекашам. Дӯстам, ки намедоштӣ, чаро фиребам додӣ? Ту медонӣ, ки дарди ишқ чӣ қадар сангин аст, мисли оташ, ҳатто аз он ҳам зиёдтар одамро месӯзонад. Оташ лаҳзае месӯзаду хомӯш мегардад, аммо ман ҳамеша месӯзам. Ман ишқи ту, меҳри ту ва номи туро дар қалбам ҷо намудам, аммо ту дигареро қабул кардӣ. Ман туро лоиқи худ донистам, вале ту дигареро лоиқи худ хондӣ. Ман туро девонавор дӯст доштам, аммо ту дигареро азизи дил шумурдӣ. Эй бевафои сангдил, ту магар дил надорӣ? Ман шабу рӯз дар фикри ту