Ҳар субҳи Бомдодӣ,
Хезӣ агар ба шодӣ.
Чор ракаташ бихонӣ,
Шайтон зи роҳ биронӣ.
------------------------>
Вақти намози Пешин,
Болои ҷойнамоз шин.
Ë раб бигую омин,
Худро макун, ту зомин.
------------------------>
Намози Аср омад,
Сад малоик даромад.
Аз сураҳои Қуръон,
Тадбиру қомат омад.
---------------------->
Вақти намози Шом шуд,
Хез дуст, кор тамом шуд.
Биë намоз гузорем,
Шайтон дар лаби бом шуд.
---------------------------->
Вақти намози Хуфтан,
Розу ниëз гуфтан.
Аз даргоҳаш талаб кун,
Роҳи биҳиштро ҷустан.
------------------------>
Эй Иброҳим пешин эй мукаррам,
Намози Бомдод омӯз зи одам.
Намози Аср аз Юнус ҳамедон,
Намози Шом аз Исост эй ҷон.
Намози витр а