Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,
Ин кадар бехуда дилтангам макун.
Худ ту бин ман бо чи ҳоле омадам ,
Назди ту бо дасти холи омадам.
Ҷони ширин нағз медони худат,
Мулки Русҳо рафтаму гаштам кидат.
Рафта афтодам ба дасти армане,
Кор панҷ моҳ кардаму як танга не.
Моҳи шаш ӯ дод нисфи ҳиссааш,
Нисфи дигарро бизад бар киссааш.
Мавсим охир гашту дар дил сад алам,
Ҷонакам ман суи ту мондам қадам.
Пой ниҳодам бар фурудгоҳи Хучанд ,
Ғуссаву ғам дар дилам гардид дучанд.
Ҳар нафас пеши назар руи ту буд,
Ҷунбиши лабҳои бадгуи ту буд .
Ҷони ширин ин қадар вақ-вақ макун,
Дасти худро суи ман байрақ макун.
Ҳаммаи ин кор дар ғайби ту шуд ,
Нағз медони ки бо айби ту шуд.
Ту маро карди рав