Худо хофиз азизам! Рузхо мегузарад, шабхо сипари мешавад, моххо ба солхо мепайвандад, вале ман хамчунон туро дуст медорам. Агар аз ту дур мешудам, хаёл макун, ки туро фаромуш хохам кард, на ба Худо савганд то зинда хастам, туро дуст хохам дошт ва пас аз он хам. Баъд аз марг хам туро аз ёд нахохам бурд. Фироки ту бароям душвор аст, вале беш аз ин хам тоби бевафои ва номехрубонии туро дорам. Ту агар маро дуст медошти, намерафти ва аз ман чудо намешуди! Кучо бароям азизтар ва дустдоштатаринтар аз канори ту буд, вакте бо ман мехрубон буди? Кучо гармтар ва мукаддамтар аз огуши ту буд, вакте маро дар бар мегирифти? Кучо умед бештар ва рухангезтар аз домони ту буд... Худо хофиз! Аз ту чудо мешавам,